180 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ХОҶАГИҲОИ ПАХТАКОР
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори департаменти қарзҳои давлатӣ Темуралӣ Авғонов, соли ҷорӣ тавассути бонкҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ 180 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ қарз барои рушди кишоварзӣ ҷудо карда мешавад. Вазорати молия бо «Ориёнбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Тоҷикпромбонк» созишномаи қарздиҳиро бо маблағи умумии 70 млн. сомонӣ ба имзо расонидааст. Рӯзҳои наздик аз маблағи пешбинишуда, 54 миллион ба бонкҳои мазкур гузаронида мешавад. Фарқияти асосии созишномаи соли ҷорӣ дар он аст, ки бонкҳо маблағи қарзи давлатиро миёни хоҷагиҳои дехқонӣ аз рӯи салоҳдиди худ тақсим менамоянд. Ёдовар мешавем, ки то 6-уми апрели соли ҷорӣ аз 140 млн. сомонӣ қарзи давлатӣ, ки соли 2008 тавассути бонкҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шудааст, ҳамагӣ 49,9 миллион сомонӣ ба бонкхо баргардонида шудааст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






