5 НАФАР БА МӮҲЛАТИ ТӮЛОНӢ МАҲКУМ ШУДАНД

Апрель 21, 2009 13:21

                  Кӯлоб, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар суди вилояти Хатлони (минтақаи Кӯлоб) нишасти матбуотӣ доир гардид. Муовини раиси суди вилояти Хатлон Абдуҷаббор Сафаров аз натиҷаи ҷамъбасти семоҳа ба хабарнигорон ахборот дод. Номбурда зикр намуд, ки дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба суди вилояти Хатлони (минтақаи Кӯлоб) ба тариқи зинаи аввал 15 парвандаи ҷиноятӣ ворид шудааст, ки аз ин шумора 5 парванда аз ҷониби суди вилояти Хатлон баррасӣ шуда, 10 парвандаи дигар тибқи талаботи моддаи 36-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тавсияи судӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо барои баррасӣ ирсол карда шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ аз шумораи парвандаҳое, ки аз тарафи суд баррасӣ шудаанд 5 шахс бо баровардани ҳукми ҷазои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум сохта шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар тӯли 3 моҳ 12 парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ, 7 парвандаи гражданӣ, 15 шикояти шаҳрвандӣ ва дигар мурофиаҳои судӣ дида баромада шуданд. Зимни нишаст роҷеъ ба мавзӯъҳои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъадор, қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одам, дар бораи танзими расму оин суолу ҷавоб сурат гирифт.   

Апрель 21, 2009 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд