65 ФОИЗИ АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЛОИҲАҲОИ ТАНДУРУСТӢ БАРХУРДОРАНД

Апрель 24, 2009 12:35

                 Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Нахустин маротиба омӯзиши калонҳаҷми кормандони соҳаи тандурустӣ дар кишвар гузаронда шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 23 апрел, директори лоиҳаи заминавӣ ва ҷамоавӣ оид ба тандурустӣ Маҳбуба Шералиева.                 ӯ афзуд, ки аз ҷумла, дар 41 ноҳияи таҷрибавӣ 628 кормандони соҳаи тандурустӣ ба малакаи компютерӣ, идоракунии молиявӣ 1365 мутахассис ва идоракунии соҳаи тандурустӣ 250 нафар мутахассисони сатҳи баланд ва миёнаи идоракунии соҳа омӯзиш гузаштанд.                  Дар доираи лоиҳа 320 муассисаи табобатӣ-профилактикии 41 ноҳияи вилоятҳои Хатлон ва Суғд бо ҷиҳоз таъмин карда шуд. То моҳи марти соли 2009 636 нафар (183 духтур ва 453 ҳамашира) омӯзонда шудааст, ки 95% нақшаро дар бар мегирад. Бонки умумиҷаҳонӣ ба муроҷиати таъҷлилии СММ бо сабаби зимистони вазнини солҳои 2007-2008 ҷавоб дода, ба маблағи 4 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намуд, ки барои амалисозии чорабиниҳо барои бартараф кардани норасоии витамини А, оҳан, ҷавҳари фолий, муаянсозӣ ва пешгирӣ дар сари вақт ташаккул наёфтани қад ва организми кӯдакон, инчунин беҳтар кардани хӯрокаи гурӯҳҳои ҳадафнок, яъне занони ҳомила ва модарони кӯдаки ширмакдошта, равона карда шуд.                   Бояд гуфт, ки лоиҳаи заминавӣ ва ҷамоавӣ оид ба тандурустӣ яке аз грантҳои маблағгузории бузурги мамлакат дар соҳаи тандурустӣ мебошад, ки 16,83 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ 10,00 миллион доллари ИМА, Агентии Шветсария оид ба рушди байналмилалӣ (СИДА) 6,11 миллион ва Агентии Швейтсарӣ оид ба Ҳамкорӣ ва Рушд — 1,18 миллион доллари ИМА- ро ташкил медиҳад. Лоиҳа дар 41 ноҳияи вилояти Суғду Хатлон, бо шумораи умумии аҳолӣ зиёда аз 4,5 миллион ( 65% аз шумораи умумии аҳолии мамлакат) амалӣ мешавад.

Апрель 24, 2009 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад