АҲОЛИИ КАМБИЗОАТИ СУҒД БО ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ РОЙГОН ТАЪМИН МЕШАВАНД

Апрель 22, 2009 09:46

                  Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нахустҷаласаи Комиссияи вилоятӣ оид ба таъмини аҳолии вилоят бо лампаҳои каммасраф баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд, андешидани чораҳои мушаххас оид ба гузаштан ба ин навъи фурӯзонакҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.                    Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи мазкур таҳти сарварии муовини аввали раиси вилоят Шакарбек Самадов баргузор гардида, дар он ба муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо лампаҳои каммасрафи барқӣ дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин комиссияҳои доимоамалкунанда таъсис диҳанд ва барои ҳарчӣ тезтар амалӣ намудани супориши Сарвари давлат оид ба ба роҳ мондани истифодаи фурӯзонакҳои мутазаккира чораҳои мушаххас андешанд.                   Ҳамчунин зикр гардид, ки масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои мушаххас кардани теъдоди аҳолии камбизоат, ҳаҷми маблағҳо барои ин кор, омӯзиши сифати лампаҳои каммасрафи дар дӯкону бозорҳои вилоят мавҷуда ва ройгон таъмин намудани оилаҳои камбизоат бо ин намуди лампаҳо, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Апрель 22, 2009 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад