А. РАҲМОНОВ : «МО ҲАНӮЗ ИНТИЗОРИ ПЕШНИҲОДОТИ ШИРКАТИ РАДИОЮ ТЕЛЕВИЗИОНИ
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). — Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонов зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки мо ҳанӯз интизори пешниҳодоти роҳбарияти Ширкати давлатии радиою телевизиони Русия дар бораи идомаи ҳамкорӣ мебошем. Мо низ барои ҳамкорӣ бо ширкати мазкур пешниҳодоти мушаххас таҳия кардаем. Дар ин бобат ягон проблема вуҷуд надорад. Ба қавли А.Раҳмонов, Ширкати радиою телевизиони Русия то ҳол қарзи худро барои моҳҳои январу феврал ва марти соли равон напардохтааст. Бояд гуфт, ки ширкати мазкур моҳи феврали соли равон қарзи худро барои моҳҳои ноябру декабри соли гузашта пардохта буд. Вале бар асари беқурбшавии пул, ҷониби Тоҷикистон тақрибан 100 ҳазор сомонӣ зарар дид. Маблағи зарарро касе ба мо ҷуброн намекунад. Илова бар ин нархи хизматрасонӣ баъди соли 2005 чандин маротиба боло рафт, вале ҳаққи хизмати моро аз рӯи нархҳои кӯҳна мепардозанд. Мо пешниҳодҳо ва эродҳоямонро ба ҷониби Русия фиристодем ва интизори ҷавоби онҳо мебошем. Ширкатҳои радиою телевизиони мамлакатҳои дигар ба мо пешниҳод намуданд, ки барномаҳояшонро ба ҷои ширкати Русия пахш кунем. Яке аз роҳҳои ҳалли масъала чунин аст, ки басомади пахши барномаҳои телевизиони Русия ба яке аз шабакаҳои телевизиони давлатии маҳаллӣ дода мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






