А. РАҲМОНОВ: «СИФАТИ ТАҲСИЛОТ РӮ БА БЕҲБУДӢ ОВАРДААСТ»
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Вазорати маорифи ҶТ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он вазири маорифи ҶТ доир ба фаъолияти семоҳаи аввали соли 2009 маълумот дода, қайд намуд, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсею гимназияҳо дар озмунҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ шаҳодати он аст, ки сифати таҳсилот рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Вазир зикр кард, ки имсол дар олимпиада ду баробар зиёд аз соли гузашта хонандагон аз манотиқи кишвар ширкат варзиданд. То имрӯз 194 номгӯи китоби дарсӣ барои синфҳои 1 — 11 таҳия ва дастраси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гардонида шудааст. Дар семоҳаи аввал 8 номгӯи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 480126 нусха ба маблағи 2 миллиону 599 ҳазору 919 сомонӣ ворид гардид, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се маротиба зиёд мебошад. А. Раҳмонов изҳор дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд» дар буҷети соли 2009 14 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Соли равон бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони бинои замонавии мактаб-интернат барои 380 нафар ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ 3, 5 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда дар семоҳаи аввал 2 миллиону 18 ҳазор доллари амрикоӣ, ё ин ки 56%-и нақшаро дар бар мегирад. Маблағҳои азхудкардашуда ба самтҳои табъу нашри китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти таълимӣ, гузаронидани семинарҳо, корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ равона карда шуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






