А.ЮЛДОШЕВ: «ТОҶИКИСТОН МАНФИАТҲОИ МИЛЛИИ ХУДРО ҲИМОЯ ХОҲАД КАРД
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 28 апрел дар Алмаато мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Бунёди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад. Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Абдулло Юлдошев хабар дод. Вай зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо назардошти мавқеи давлатҳои дар минтақаи поёноби дарёҳои минтақа ҷойгиршуда манфиатҳои миллии худро ҳимоя хоҳад кард. Зимни сӯҳбат сухан дар бораи масъалаи муқаррар намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон рафт. А.Юлдошев зикр намуд, ки то имрӯз бештар аз 660 километр хати саҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муқаррар намуда, қонунӣ гардонда шуд. Вай изҳор намуд, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон то имрӯз чор қитъаи баҳснок вуҷуд дорад. Барои муқаррар намудани хати сарҳади ҳар ду кишвар дар Тошканд аз 28 то 30 апрел даври навбатии гуфтушуниди намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад.