АМАЛИЁТИ БЕХАТАРИИ РОҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Қурғонтеппа, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар вилояти Хатлон амалиёти «Газ» ба охир расид. Онро идораи бозрасии давлатии автомобилии вилоят гузаронд. Роҳбари дафтари матбуоти БДА-и Хатлон Ёрмуҳаммад Давлатов хабар дод, ки дар рафти амалиёт 51 воқеаи вайрон кардани қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти гази мошинҳо ба қайд гирифта шуд. «Дар ҷараёни амалиёт вазъият ва фаъолияти бунгоҳҳои газ барои нақлиёт низ тафтиш карда шуданд. Барои бартараф сохтани камбудиҳо тавсияҳо дода шуданд»- гуфт Ё. Давлатов. Мавсуф ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз 10 то 20 апрел дар роҳҳои Хатлон амалиёти «Автобус» гузаронида мешавад. «Мақсади гузаронидани он — назорати вазъияту ҳолати техникии автобусҳои мусофирбар ва кам кардани ҳодисаҳои садамавӣ дар роҳҳо мебошад»-гуфт Ё. Давлатов. Тарҷумаи Зебо Иноятова








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






