АВТОБУСҲО ВА ТРОЛЛЕЙБУСҲОИ НАВ БА КОР ШУРӮЪ НАМУДАНД
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 150 автобус ва 60 троллейбуси ба наздикӣ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон воридкардашуда дар пойтахти мамлакат ба маршрутҳо тақсим карда шуданд. Нақлиёти нави мусофирбар дар маршрутҳои 6, 11, 18, 25, 28 ба мизоҷон хизмат мерасонад. Ронандагони онҳо дар курсҳои махсус касби ронандагиро аз худ карда, дар се навбат кор мекунанд. Кори нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе аз соати 5 — у 30 дақиқа сар шуда, то соати 23.00 давом мекунад. Вазири нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз аввали сол то имрӯз ба воситаи нақлиёт 4 миллиону 416 ҳазор тонна бор, аз ҷумла, 35 миллиону 304 ҳазор мусофир кашонда шуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта зиёд аст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






