АЗ ҲАР 100 САР ЧОРВО 90 НАСЛИ СОЛИМ
Истаравшан, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Шиори чорводорони ноҳияи Ғончӣ дар мавсими нави наслгирӣ, ки имрӯзҳо фаро расидааст, «Аз ҳар сар чорво 90 сар насли солим!» мебошад. Чорводорон ният доранд, ки имсол аз 9 368 сар чорвои майда, 8 300 сар насли солим ба даст оранд. Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз чорводорон зиёда аз 50 % нақшаи пешбинишударо иҷро намуданд. Бино ба гуфтаи сухангӯи раиси ноҳия Эгамназари Соҳибназар, яке аз чӯпонони номии хоҷагии деҳқонии «Эркабой Умаров» Абдураҳмон Давлатов дар хоҷагӣ аввалин шуда нақшаи наслгириро барзиёд иҷро кард. Мавсуф аз ҳар 100 сар меши дар ихтиёр дошта, 100 сарӣ барра ба даст овард. Масъалаи наслгирӣ дар хоҷагии кооперативии «Овчи» низ хуб аст. Чӯпонони пешқадами хоҷагӣ Ҷӯрабек Мирзоев, Ҷумъабой Орифов, Ҳайдар Исмоилов ва Манон Шарипов наслгириро аллакай аз ҳар 100 сар чорво ба 90-95 сарӣ расонидаанд. Таҳрири Жасмин Назарова








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






