БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА КВД «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» ТАЪСИР НАКАРД

Апрель 15, 2009 13:57

                 Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Тавре муовини аввали раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов қайд намуд, дар семоҳаи якуми соли 2009 ҳаҷми боркашонӣ 3 млн. 432 ҳазор тонна км. ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 246 ҳазор тонна км. зиёд мебошад.Аз ҷумла, содироти молҳои хоҷагии халқ 161,8 ҳазор тоннаву воридоти он 1 млн. 79 ҳазор тонна км — ро ташкил дод.                 Боркашонии маҳсулоти кишоварзӣ 44 ҳазору 411 тонна км., ва содирот 41 ҳазору 72 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 888 тонна км зиёд мебошад.                  Гардиши бор бошад, 308,4 млн. тонна км. ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,0 млн тонна км. зиёд аст.Инчунин ба 182,6 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,6 ҳазор мусофир кам аст. Мавсуф зикр намуд, ки сабаби кам шудани мусофиркашонӣ дар хатсайри Душанбе — Москва бӯҳрони молиявӣ буда, муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия кам гардид.                 Қобили қайд аст, ки ба самти Федератсияи Россия катораҳои мусофиркашонӣ «Душанбе — Москва» (ҳафтае 3 маротиба), «Кӯлоб — Москва» (ҳафтае 2 маротиба) ва «Хуҷанд — Саратов» (ҳафтае 2 маротиба), дар дохили ҷумҳурӣ «Душанбе -Конибодом» (ҳафтае 2 маротиба),«Қурғонтеппа — Конибодом» (ҳафтае як маротиба), «Қурғонтеппа -Кӯлоб» (ҳафтае як маротиба) ва «Душанбе -Пахтаобод» (ҳар рӯз) ҳаракат мекунанд.                  Дар ин нишаст ҳамчунин иброз шуд, ки дар давоми семоҳаи соли 2009 12 вагони мусофирбару 46 вагони боркаш ва 27,17 км роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, 10 вагони нави боркаш харида шуд.

Апрель 15, 2009 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд