БАРНОМАИ НАВИ ТАЪЛИМИИ ХАТИ НИЁГОН
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо супориши Вазорати маорифи ҶТ, барномаи нави таълимии китоби замимашудаи хати ниёгон таҳия карда мешавад. Замимаи мазкур «Матнҳои адабӣ» ном дошта, барои синфҳои 8-11 пешбинӣ шудааст. Вазири маориф А. Раҳмонов барои таҳияи барнома 2 моҳ мӯҳлат дод. Китоб бо кӯмаки молиявии Вазорати маориф ва тарбияи Эрон чоп карда мешавад. Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф Ноилшо Нуралиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо дастгирии Эрон барои синфҳои 4-7 мактабҳои миёнаи Тоҷикистон, инчунин дастури методии таълими алифбои хати форсӣ чоп шуд. Н. Нуралиев гуфт, ки ин китоб аллакай дар мактабҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд. Тарҷумаи Зебо Иноятова








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






