БАРОДАРИ ВАЗИРИ СОБИҚ БОЗДОШТ ГАРДИД

Апрель 17, 2009 14:44

                Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов)- Имрӯз, 17 апрел, бародари собиқ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойназар Салеҳовро бо ҷурми даст доштан дар ҷинояти вазнин боздошт намуданд. Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда ва тафтишот давом дорад.                Дар натиҷаи тафтишот муқаррар карда шуд, ки Т. Солеҳов моҳи декабри соли 1999 дар хонааш бар асари муноқишаи оилавӣ додарарӯсаш, корманди ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Далер Фозиловро бо автомати Калашникови ғайриқонунии дар хонааш буда паррондааст. Номбурда ҳоло 56 сола мебошад. Вай то рӯзҳои наздик ба терминали гумруки шаҳри Душанбе роҳбарӣ мекард.

Апрель 17, 2009 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад