БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ МУАССИСАИ РУШДИ СММ ВА ҶОМЕАИ ИҚТИСОДИИ

Апрель 24, 2009 10:46

                    Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Муншии умумии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Т.Мансуров 23 апрел дар Маскав бо мудири намояндагии Муассисаи рушди СММ дар Тоҷикистон Р.Врбенский мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳимтарини ба роҳ андохтани ҳамкории Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва Муассисаи рушди СММ муҳокима карда шуданд. Мусоҳибон аз густариши ҳамарӯзаи ҳамкории ҳар ду созмони минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодию экологӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.                   Қайд карда шуд, ки ҳар ду созмон ба ҳалли проблемаҳои истифодаи оқилонаю самарабахши захираҳои обу энергетика дар Осиёи Марказӣ мароқ зоҳир менамоянд. Т.Мансуров ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи барномаи истифодаи самарабахши захираҳои оби минтақа дар доираи ҷомеа, аз ҷумла, ҷалб намудани коршиносони мустақили байналхалқӣ ба ҳалли ин масъала маълумот дод. Бояд гуфт, ки Муассисаи рушди СММ ва котиботи кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия моҳи июни соли 2006 меморандуми ҳусни тафоҳум имзо карда буданд. Мувофиқи ин ҳуҷҷат, ҳар ду созмон дар соҳаҳои иқтисодиёт, экология, масъалаҳои гумрук, сиёсати идораи сарҳадҳо, нақлиёт, энергетика ва гуманитарӣ ҳамкорӣ мекунанд.                    Муассисаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз соли 1994 инҷониб фаъолият дорад.  

Апрель 24, 2009 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид