БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОРИ ҲАМКОРӢ

Апрель 25, 2009 12:17

                     Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 23 апрел бо Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Душанбе омада буд.  Н.Бордюжа зимни мулоқот ба Ҳ.Зарифӣ дар бораи вазъияти минтақаи таҳти масъулияти созмон маълумот дод. Баъдан мусоҳибон масъалаҳои ҳамоҳанг сохтани сиёсати берунии давлатҳои аъзои созмонро дар доираи СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ ва ҳамкории СААД — ро бо созмонҳои байналхалқию минтақавӣ баррасӣ намуданд.                  Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлисҳои ояндаи Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ, иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, комиссияҳо ва гурӯҳҳои намояндагони воломақом дар бобати мувофиқа сохтани ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ ва ғайра табодули назар карда шуд.                                                                       Тарҷумон — Қудратов А. 

Апрель 25, 2009 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд