БЕҲТАРИН ОШПАЗ ВА ПЕШХИЗМАТ КИСТ?
Исфара, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Барои дарёфти чунин соҳибкасбон доир намудани озмунҳои ҳарсола дар шаҳри Исфара ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин як чорабинӣ дар қасри «Шифокорон»-и осоишгоҳи номдори «Зумрад» доир гашт, ки дар он ошпазҳо ва пешхизматҳои беҳтарини шаҳр иштирок доштанд. Бояд қайд намуд, ки озмун аз бахшҳои намоиши либосҳои корӣ, ороиши мизҳои хӯрокхӯрӣ, тарзи тайёр намудани таом, пешкаш кардани он, омодасозии хӯриш ва ғайра иборат буда ҳамчунин духтарон дар хондани суруд ва рақс байни худ қувва озмуданд. Дар байни ошпазҳо А. Усмонов ва пешхизмат Д. Абдуллоева ғолиб омада беҳтарин соҳибкасбони шаҳр дониста шуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






