БОВАРИНОМАҲОИ ҚАЛБАКӢ МАЪЛУМ ШУДАНД

Апрель 21, 2009 12:14

                 Душанбе, 21 апрел. (АМИТ«Ховар», Анварбек Сиддиқов).-Сардори шӯъбаи молиявии Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҷоҷирати вилояти Хатлон У.Д. Қулдошев аз ваколати мансабиаш сӯистифода намуда бо роҳи тартиб додани бовариномаҳои қалбакӣ маблағи 626393 сомониро аз бахши Амонатбонки шаҳри Қӯрғонтеппа гирифта, азони худ намудааст.                 Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳаракатҳои номбурда аломатҳои ҷиноят бо моддаҳои 245, қисми 4 ва 323 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Апрель 21, 2009 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд