БОЗОМӮЗИИ ТАБИБОНИ ОИЛАВӢ

Апрель 10, 2009 10:07

                Душанбе. 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 23 нафар духтурон ва 65 нафар ҳамшираҳои шавқати муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии вилояти Суғду Хатлон курси шашмоҳаи омӯзиши тибби оилавиро ба охир расонданд.                Тавре ҳамоҳангсоз бо ҷомеа ва васоити ахбори омма Лайли Ахмадова иттилоъ дод, Маркази Ҷумҳуриявии татбиқи Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ, бозомӯзии духтурон ва ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Сарбанд, Шӯрообод, Қабодиён, Норак, Ашт ва Спитаменро дар марказҳои клиникию омӯзишии тибби оилавии вилоятҳои Суғду Хатлон амалӣ мекунад. Лоиҳа омӯзиши 176 духтур ва 496 ҳамшираи тиббиро мутобиқи нақшаи бозомӯзӣ дар назар дорад. Аз аввали фаолияти Лоиҳа аллакай 183 духтур ва 453 ҳамшираи тибби оилавӣ бозомӯзонида шудааст, ки аз нақшаи дар пешгузоштаи лоиҳа зиёдтар мебошад.                Ба ғайр аз ин, ба ҳар як духтур ва ҳамшираи омӯзондашуда, дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ борхалтаи тиббӣ супорида шудааст, ки он аз фонендоскоп, отоскоп (асбоби санҷиши гӯш), офталмоскоп (асбоби санҷиши чашм), танометр, глюкометр (асбоби санҷиши қанд) дар хун ва дигар асбобҳои зарурии ташхисӣ иборат мебошад. Дар давраи бозомӯзии духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ, Лоиҳа хароҷоти роҳ, манзил ва хӯрокаи кормандони тиббии бозомӯзи ноҳияҳои таҷрибавиро ба ӯҳда дошта, бо маводи конселаярӣ ва адабиёти тиббӣ таъмин мекунад. Аллакай дар ноҳияҳои таҷрибавии Суғду Хатлон духтурони тибби оилавӣ хизмати худро ба аҳолӣ мерасонанд.  

Апрель 10, 2009 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст