БУНГОҲИ ҚУТОСҲОИ ХУШЗОТ
Бадахшон, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо). — Чорвопарварӣ соҳаи асосии хоҷагии халқи ноҳияи Мурғоб ҳисоб меёбад. Тавре аз Раёсати кишоварзии ноҳия хабар доданд, дар хоҷагиҳои ноҳия сарфи назар аз шакли моликият соли ҷорӣ 15924 сар қутосу гов ва 45933 сар бузу гӯсфанд парвариш карда мешавад. Ноҳияи Мурғоб имрӯз чун бунгоҳи қутосҳои хушзот дар навоҳии кӯҳистони кишварамон маҳсуб меёбад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» аз ҳисоби хоҷагиҳои фермерии зотпарварии «Булункул» 120 сар қутоси хушзот, аз ҷумла ба хоҷагии навоҳии Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ 28 сарӣ, Ҷиргатол 24 сар, Ховалингу Балҷувон 15 сарӣ, Шуғнон 10 сар фурӯхта шуд. Тавре аз Раёсати кишоварзии ноҳия хабар доданд, боз ҳамин қадар қутос барои фурӯш омода аст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






