ДАР БОЗОРҲОИ ҚУРҒОНТЕППА НАРХИ МОЛ АРЗОН ШУД

Апрель 20, 2009 16:21

               Қурғонтеппа, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар бозорҳои Қурғонтеппа рӯзҳои охир нархи мол то андозае арзон шуд. Масалан, бодиринги пешпазаки маҳаллӣ, ки пеш аз ин бо нархи гарон фурӯхта мешавад, имрӯз бо нархи 3-4 сомонӣ фурӯхта мешавад. Аз суханони сардори раёсати хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлон Саъдулло Бекназаров маълум гардид, ки ин ба самарабахш истифода бурдани замин дар хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста мебошад.               Ба фикри мутахассисони соҳа, дар хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар соли ҷорӣ аз истифодаи таҷҳизотҳои замонавии парвариши сабзавот хуб истифода карда мешавад. «Барои ин кор ба деҳқонон қитъаҳои замин ҷудо карда шуданд»- гуфт С. Бекназаров.  

Апрель 20, 2009 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд