ДАР ДУШАНБЕ АНҶУМАНИ ҚАЗОҚҲОИ ОМ, АФҒОНИСТОН ВА ЭРОН БАРГУЗОР МЕШАВАД

Апрель 16, 2009 16:51

                       Душанбе, 16 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 апрел дар шаҳри Душанбе нахустин анҷумани (қурултой) қазоқҳои сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрон баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти қазоқҳои Тоҷикистон «Байтерек» гузаронида мешавад.                      Назар ба иттилои раиси ҷамъияти «Байтерек» Зауре Саминова, дар анҷуман намояндагони чамъиятҳои қазоқҳои сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон иштирок намуда, масъалаҳои ҳамбастагӣ ва ҳифзи фарҳанг, забон ва дигар анъанаҳои миллии халқи қазоқро баррасӣ менамоянд.                      Ҳайати Қазоқистонро дар нахустин анҷуман муовини аввали Раиси Анҷумани байналмилалии қазоқҳо Талгат Мамашев роҳбарӣ менамояд.                      Ба анҷуман намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даъват шудаанд. Иштирокдорони анҷуман ба як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуда, бо ҳаёту рӯзгори қазоқҳои сокини ин минтақа шинос мешаванд.  

Апрель 16, 2009 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд