ДАР ХАТЛОН БА ДЕҲҚОНОН ҚАРЗ МЕДИҲАНД

Апрель 18, 2009 10:51

                Қӯрғонтеппа, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Бонкҳои Хатлон додани карзҳоро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ идома медиҳанд. Тавре, муовини сардори филиали «Агроинвестбонк» дар шаҳри Қурғонтеппа Раҳмоналӣ Тургуналиев иттилоъ дод, аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ барнагардондани қарз яке аз проблемаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ба иттилои манбаъ, алҳол аз 29,8 млн. сомонӣ қарзи гирифта шуда, хоҷагиҳои деҳқонӣ 6 млн. сомониро баргардониданд, ки ин баробари 20,1 фоиз аз ҳаҷми умумии маблағҳо мебошад. Манбаъ ҳамзамон қайд кард, ки аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷиликул, Бохтар, Вахш ва Хуросон маблағҳои гирифаташуда хеле суст баргардонида мешаванд. Роҳбарияти намояндагии «Агроинвестбонк» дар Қурғонтеппа дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар соли ҷорӣ саривақт хоҷагиҳои деҳқониро бо маблағҳои қарзӣ таъмин кунанд.               Ба ақидаи мутахассисон, яке аз сабабҳои саривақт барнагардонидани қарзҳо ин паст шудани нархи ашё -пахта дар биржаҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Апрель 18, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд