ДАР МӮЪМИНОБОД НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР ГАШТ

Апрель 22, 2009 08:49

                  Мӯъминобод, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Мӯъминобод нишасти матбуотӣ доир гардид. Сафаралӣ Зокиров, раиси ноҳия доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар тӯли 3 моҳи соли равон ахборот дод. Аз ҷумла қайд намуд, ки меҳнаткашони ноҳия ба таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда аз тамоми имконияту захираҳои дохилӣ истифода бурда ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд. Дар ин давра нақшаи андоз 105 фоиз таъмин гардид, ки нисбати нақша 29685 сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 253434 сомонӣ зиёд аст. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна аз тарафи бонкҳои ноҳия 2 миллиону 227 ҳазору 821 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардид, ки ба беҳтар шудани соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи ноҳия мусоидат менамояд. Дар ноҳия нақшаи маҳсулотайёркунӣ таъмин гардида, дар ин давра 3 тонна гушт, 2 тонна шир, 9 ҳазор дона тухм, 7 тонна картошка, 10 тонна сабзавот ва дигар маҳсулотҳо тайёр карда шудааст. Зимни нишаст вобаста ба мавзӯи пешгирии бӯҳрони молиявию ҷаҳонӣ дар ноҳия, дастгирии Пайёми Президент ба мо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сохтмон, заминсозӣ, обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ саволу ҷавоб сурат гирифт. Раиси ноҳия Сафаралӣ Зокиров ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас гардонид.  

Апрель 22, 2009 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад