ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ 4 ҲАЗОР ҶОИ НАВИ КОРӢ ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД

Апрель 30, 2009 15:21

             Қӯрғонтеппа, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар яке аз ноҳияи калонтарини вилояти Хатлон — Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аграрӣ ба ҳисоб меравад, тасмим гирифтанд, ки ҷойҳои кории иловагӣ таъсис дода шавад.             Раиси ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Умедхӯҷа Зоиров иттилоъ дод, ки ташкили ҷойҳои нави корӣ аз муҳимтарин масъалаҳое буданд, ки мақомоти ноҳия ба онҳо диққати махсус дода, дар давоми семоҳаи соли ҷорӣ дар ноҳия 5 ярмаркаи чойҳои холии корӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷа 133 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.  Ҳамзамон имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, 782 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд. Дар назар аст, то охири сол 4 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.

Апрель 30, 2009 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд