ДАР ШАБАКАИ ИНТЕРНЕТ КИТОБХОНАИ ҶАҲОНИИ РАҚАМӢ ТАШКИЛ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 21 апрел дар қароргоҳи маркази ЮНЕСКО маросими ифтитоҳи Китобхонаи ҷаҳонии рақамӣ дар шабакаи Интернет баргузор мегардад. Ба туфайли кушода шудани китобхонаи мазкур асарҳои беҳтарини классикии ҷаҳон дастраси хонандагон гардонида мешавад. Дар сайти китобхонаи махкур дастхатҳо, харитаҳо, китобҳои камёб, филмҳои беҳтарин, рӯзномаю маҷаллаҳо ва аксҳо ҷой дода мешаванд. Истифодаи сайтҳои китобхона комилан ройгон аст. Аз дафтари матбуоти СММ хабар доданд, ки маводи китобхонаи ҷаҳонии рақамӣ бо 7 забон — забонҳои англисӣ, арабӣ, испонӣ, чинӣ, португалӣ, русӣ ва фарансавӣ ҷой дода мешаванд.