ДАР ШИМОЛИ ҶУМҲУРӢ ГЕРОИН МУСОДИРА ШУД
Душанбе, 20 апрел, (НИАТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 1 кг 7 гр героин дар шимоли ҷумҳурӣ мусодира шуд. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоти Суғд дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини деҳаи Заравшони ноҳияи Ҷаббор Расулов, Р.А-ро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтуков аз номбурда покети селофани дар дарунаш моддаи хокамонанд бо бӯӣ махсус ёфт ва мусодира карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз АНМН хабар доданд, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯии иловагӣ маълум карда шуд, ки маводи муходира ба сокини деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод Б.Д., марбут мебошад. Санҷиши экспертизаи Раёсати мазкур муайян кард, ки моводи мусодирашуда героин буда, вазнаш 1 кг 7 гр аст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷинои оғоз гардид.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






