ДАР СУҒД НИКОҲ КАМ ВА ТАЛОҚ ЗИЁД ШУДААСТ
Истаравшан, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Бино ба маълумоти барои васоити ахбори омма таҳия намудаи Маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд нишондиҳандаҳои асосии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2009 мухталиф мебошанд. Агар нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар ҳамин давра 91,8 % иҷро шуда бошад, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2008, 104,4 %-ро ташкил додааст.Аз 232 корхонаҳои саноатӣ 51 — тоаш нисбати ҳамин давраи соли гузашта камтар маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки сабабгори асосии ин ҳол, нарасидани қувваи барқ буд. Дар ин давра истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ 23,9 % афзоиш ёфтааст. Дар самти кишоварзӣ ҳаҷми умумии маҳсулот дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 8,6 % зиёд гардида, нақшаи кишти зироати бахорӣ 5,6 % афзоиш ёфтааст. Саршумори чорвои калони шохдор зиёд гардида истеҳсоли тухм низ ба ҷуз ноҳияҳои Конибодом, Шаҳристон ва Исфара дар дигар шаҳру навоҳӣ барзиёд иҷро гардидааст. Дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 104 199,1 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 87 124,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Агар кашонидани борҳо тавассути нақлиёт мутаносибан 6,5 %, даромад аз фаъолияти асосии соҳаи алоқа 33 %, суръати афзоиши гардиши моли чакана дар ҳамаи соҳаҳои савдо бо нархҳои муқоисавӣ 23 % афзоиш ёфта бошанд, фаъолияти иқтисоди хориҷии вилоят нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10,2 % коҳиш ёфтааст. Дар ин давра шумораи кормандони дар рӯйхатбудаи кироякор 391,3 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки аз онҳо 277,6 ҳазор нафарашон дар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, 107,2 ҳазор нафарашон дар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, 6,5 ҳазор нафарашон дар корхонаҳои сектори хусусӣ машғул мебошанд. Шумораи асосии бекорони расман ба қайд гирифта шударо ҳоло ҳам дар вилояти Суғд занон ва ҷавонони аз 15 то 29 сола ташкил медиҳанд. Яъне, аз шумораи умумии 15,4 ҳазор нафари ба қайд гирифта шуда, 56,5 % — ро занон ва 59,7 % — ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз аввали сол нархҳои истеъмолӣ дар вилоят 1,1 % афзоиш ёфта, нархи маҳсулоти озуқаворӣ 1,2 % арзон шудааст. Мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) дар вилоят 12,1 ҳазор кӯдаки навзод, 3,0 ҳазор фавт, аз ҷумла 225 нафар кӯдакони фавтидаи то яксоларо ба қайд гирифтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бӯҳрони шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ ба сатҳи зиндагии мардуми вилояти Суғд бетаъсир намондааст. Зеро ҳарчанд зимистони соли 2007 ва аввали соли 2008 дар муқоиса ба имсол сахту шадид буд, баргузории ақди никоҳи ҷавонон порсол бештар ва шумораи талоқ камтар будааст. Имсол бошад, шумораи никоҳҳои ба қайд гирифташуда 7,3 ҳазор адад ва ё дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 % ё 717 адад коҳиш ёфта, шумораи умумии талоқ бошад, 777 адад ё ба ҳисоби дигар 7,2 % ё 52 адад зиёд шудааст. Таҳрири Жасмин Назарова