ДАР ВАҲДАТ МУЗДИ МЕҲНАТ ЗИЁД ГАРДИД

Апрель 24, 2009 12:44

                Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин, дар давоми ду моҳи соли 2009 дар соҳаи хоҷагии халқ беш аз 11 ҳазору 621 нафар ба кор ҷалб карда шуд, ки музди меҳнати онҳо дар ин муддат 4 миллиону 102,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 133 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳисоби миёнаи музди меҳнат ба як коргар ба 178,9 сомонӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳам ин давраи соли 2008 -48,9 сомонӣ зиёд аст.                Ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар соҳаи саноат 290, 8 сомонӣ, сохтмон — 306,9, нақлиёт -180,7, кишоварзӣ-85,4, тандурустӣ — 103,7, маориф-195,9, хизматрасонӣ-194,9, бонкҳо -364,6 ва савдо 214,8 сомониро ташкил медиҳад.

Апрель 24, 2009 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст