ДАЪВАТИ ИМА БА ИТТИФОҚЧИЁНАШ
Вашингтон, 6 апрел. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). — Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои қувваҳои мусаллаҳи ИМА Майкл Маллен изҳор намуд, ки роҳбарияти мамлакат дар мулоқоти НАТО иттифоқчиёнашро даъват хоҳад кард, ки кӯмакҳои ғайринизомиро ба Афғонистон бештар созанд. М.Маллен зикр кард, ки мамлакатҳои хориҷӣ мутахассисони гуногуни худро барои расондани кӯмак ба пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба Афғонистон фиристода метавонанд. Дар ин бобат пеш аз ҳама расондани кӯмаки иқтисодӣ ба назар гирифта мешавад. Ба қавли М.Маллен, дар давоми моҳҳои наздик 17 ҳазор хизматчии ҳарбии амрикоӣ ба Афғонистон фиристода мешавад. Ҳадафи ин иқдом таъмини вазъияти мӯътадил дар ноҳияҳои дурдасти Афғонистон, пешгирии рух додани ҳодисаҳои зӯроварӣ ва таъмини амнияти сокинони мамлакат мебошад. Қайд карда шуд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба вазъияти иқтисодиёти тамоми мамлакатҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Ин аҳамияти дастгирии Афғонистонро дучанд зиёд хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






