ДЕҲҚОНИРО АЗ ҲИСОРИҲО БОЯД ОМӮХТ

Апрель 22, 2009 16:26

                  Ҳисор, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- «Дар вазъияте, ки бӯҳрони молиявию иқтисодӣ тамоми ҷаҳонро фаро мегирад, мо вазифадорем, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи босазо гузорем», — иброз дошт раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Очилдӣ дар ҷараёни нишасти матбуотие, ки рӯзи 21 апрел дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия баргузор гардид.                    Алҳол дар тамоми заминҳои хоҷагиҳои ноҳия зироатҳо тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар авҷи сабзишанд. Ҳамчунин, деҳқонон мақсад доранд, ки дар рӯзҳои наздик дар масоҳати 2 ҳазору 500 гектар кишти чигитро ба анҷом расонанд. Лозим ба тазаккур аст, ки деҳқонони ноҳияи Ҳисор соли гузашта дар масоҳати 4 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда, ҳосили фаровон ба даст оварданд. Имсол низ онҳо мақсад доранд, ки дар масоҳати зиёда аз 4 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронанд.                     Бахшида ба соли бузургдошти Имоми Аъзам дар тамоми ҳудуди ноҳия чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. Аз ҷумла дар ҷамоати Мирзо Ризо бинои сохтмони маркази фарҳангӣ ба номи Имоми Аъзам босуръат идома дорад. Дар назар аст, ки яке аз чорабиниҳои калони ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310 солагии ин абармарди олами ислом дар ин ҷо баргузор гардад.                     Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз раиси ноҳияи Ҳисор ва дигар масъулини мақомоти иҷроия ба суолҳои сершумори худ ҷавобҳои қаноатбахш дарёфт намуданд.

Апрель 22, 2009 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд