ДУШАНБЕГИҲО РӮЗИ ПОЙТАХТРО БО МАРАФОН ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНД
Душанбе, 18 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз, 18 апрел фазои пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе намуди идона дорад. Зеро шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамасола Рӯзи пойтахт таҷлил гардида, ба иди ҳақиқии созандангию бунёдкорӣ ва дӯстиву ҳамраъйии сокинони пойтахт табдил мегардад. Тибқи нақша-чорбаиниҳои таҳррезӣ намудаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз соати 9-субҳ дар пойтахт марафони озоди дав дар масофаи 21 километру 97 метр оғоз гардид. Дар он дар қатори сокинону варзишгарони Душанбе намояндагони вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доранд. Назар ба иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, нуқтаи оғоз ва анҷоми марафони дав Ипподроми пойтахт буда, масофаи он то пости «Чорбоғ»-и Варзоб муайян шудааст. Ғолиби зинаи якуми марафони давро 5 ҳазор сомонӣ ва зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан 4 ва 3 ҳазор сомонӣ интизор аст. Ҳамзамон, барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёни фаъоли марафони дав, махсусан духтарон ду тӯҳфа ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






