ЭСТОНИЯ ҒОЯҲОИ ФАШИСТИРО ТАРҒИБ МЕНАМОЯД

Апрель 7, 2009 09:47

                            Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев). — Расонаҳои гурӯҳии ҷаҳон хабар медиҳанд, ки дар Эстония ҳайкали ёдгории хизматчиёни ҳарбии баталёни муҳофизавии фашистии СС (баталёни муҳофизавӣ дар мамлакатҳои истилошуда) кушода шуд. Бояд гуфт, ки баталёни мазкур дар Эстония ташкил ёфта, ба қисмҳои ҳарбии фашистӣ дар ҷанги муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ кӯмак мерасонд. Ба қарибӣ аз Эстония хабар расид, ки дар ин ҷо дар бораи фашистҳои маҳаллӣ филми мустанад ба навор гирифта шудааст. Аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон 64 сол гузашт, насли имрӯза дар бораи вазъи сиёсии ҷаҳон дар солҳои ҷанг тасаввурот надорад ва шояд чунин зуҳурот барои насли имрӯза бетафовут бошад. Вале ҳанӯз ҳам иштирокчиён ва ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳаёт буда, даҳшатҳои онро фаромӯш накардаанд.                           Тобистони соли 1944 ҳанӯз дар ҷумҳуриҳои назди Балтика фашистон хӯҷаинӣ мекарданд. Ҳокимияти сесолаи онҳо дар ҳаёти ин мамлакатҳо таъсири худро гузошта буд.                            Дар фармони вазири кор бо мамлакатҳои ишғолгардидаи Шарқи Олмон Алфред Розенберг гуфта мешуд, ки «ҳадафи амалиёти ҳарбӣ дар Эстония, Латвия, Литва ва Белорусия бояд таъсиси мамлакатҳои мустамликаи Олмон бошад. Дар оянда ин мамлакатҳо бояд ба қисми таркибии давлати бузурги Олмон табдил дода шаванд. Дар ин мамлакатҳо шахсони номатлубро несту нобуд кардан даркор аст. Танҳо намояндагони нажоди олмонӣ дар ин мамлакатҳо ҳаққи зиндагиро доранд». Сокинони ин мамлакатҳо, ки ба нажоди олмонӣ мувофиқат надоштанд, мебоист нобуд сохта ё ба минтақаҳои шарқии Иттиҳоди Шӯравӣ кӯчонда мешуданд. Дар омади гап гуфтан лозим аст, ки фашистон барои иҷрои фармони мазкур танҳо дар Эстония 125 ҳазор нафарро несту нобуд карданд.                         Дар ин кор ба гитлерчиён миллатгароёни буржуазии маҳаллӣ кӯмак мерасонданд, ки ҳадафи онҳо аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо кардани Эстония буд. Эстония аз моҳи августи соли 1940 дар ҳайати ИҶШС қарор дошт. Ба гитлерчиён ва ёрдамчиёни маҳаллии онҳо ватандӯстони маҳаллӣ ва партизанҳои шӯравӣ муқобилати шадид нишон медоданд. Ба онҳо ситодҳои партизанӣ роҳбарӣ мекарданд. Партизанҳои Эстония ба муваффақияти муҳорибаҳои ҷанг дар фронти Ленинград ва се фронти ҷумҳуриҳои назди Балтика кӯмаки калон расонданд. Натиҷаи ҳамин мубориза ва муқовимат буд, ки ҳар се ҷумҳурии соҳили Балтика тирамоҳи соли 1944 пурра озод карда шуданд.                          Қайд кардан лозим аст, ки бисёр қисмҳои ҳарбии аз ҷумлаи намояндагони Эстония ташкилёфта дар фронти Ленингард меҷангиданд. Онҳо дар муҳорибаҳо барои озод кардани шаҳрҳои Тарту, Раквери, Таллин ва ғайра фидокорона мубориза бурдаанд.                         Вале дар замони ҳозира дар Эстония ғояҳои фашистӣ тарғибу ташвиқ карда мешаванд. Ин ҷо ба хотир овардани мурофиаи судии Нюрнберг ҷоиз мебошад, ки ба ҷинояти роҳбарони давлат ва саркардагони низомии фашистӣ баҳои сазовор дода буд. Мурофиаи мазкур аз моҳи ноябри соли 1945 то моҳи октябри соли 1946 давом кард. Дар он тамоми ҳайати роҳбарикунандаи Ҳизби миллии сотсиалистии Олмон, аз ҷумла, дастаҳои муҳофизавии СС, хадамоти амнияти СД ва политсияи махфии давлатӣ — Гестапо ҳамчун сохторҳо ва созмонҳои ҷинояткор маҳкум карда шуданд. Дар ҳамин мурофиа моҳияти фашизми олмонӣ ва нақшаҳои зиддиинсонии он дар бораи барҳам додани давлатҳо ва халқҳо, хавфи фашизм ба тамоми башарият фош карда шуданд.                        Имрӯз дар Эстония хотираи нанговари фашистон аз нав зинда мегардад. Ба фашистон дар ин ҷо ҳайкалҳо гузошта, дар бораи онҳо филмҳо ба навор мегиранд. Вале саволе ба миён меояд, ки халқи Эстония дар ин масъала чӣ гуна ақида дошта бошад. Мо бояд дар ин бора аз онҳое пурсон шавем, ки падару бобоёнашон аслиҳа ба даст гирифта, ҳамроҳи аскарони сурхи шӯравӣ ба муқобили фашистон мубориза бурда, мамлакати худро аз зулми фашизм озод карда буданд.

Апрель 7, 2009 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд