ЭЪТИМОДИ ДУБОРАИ ХБА БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Аз ҷониби Шӯрои мудирони Хазинаи байналмилалии асъор Барномаи сесолаи қарзӣ барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 116 миллион доллари ИМА тасдиқ карда шуд. Беш аз 38 миллион аз ин маблағро Тоҷикистон метавонад то моҳи май дастрас намояд», — гуфт дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода. Шариф Раҳимзода тазаккур дод, ки ин маблағ асосан дар самти ташкили захираҳои Бонки миллии Тоҷикистон равона мегардад. Бояд гуфт, ки ХБА дар баробари ин аз дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати бартараф сохтани таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион доллари ИМА қарзҳои дарозмуддат диҳанд. Гуфтанист, ки тибқи маълумоти ХБА, аз рӯи шартҳои барнома, ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯҳдадор шудаанд, ки ба баргузории сиёсати мавзуну устувор рӯ оварда, баҳри таъмини талаботи рӯзафзуни эҳтиёҷоти иҷтимоӣ захираҳо пешбинӣ кунанд ва ҷиҳати боздошти афзоиши қарзи хориҷӣ чораҳо андешанд. «Мавриди зикр аст, ки ҳадаф аз амалисозии барномаи мазкур муваффақ гардидан ба коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва ташкили заминаҳо барои рушди устувор буда, дар шароити бӯҳрони молӣ он ҳамчунин хусусияти мӯътадилгардонии вазъро низ дорад», — мӯътақид аст Ш Раҳимзода.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






