ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАФТАИ КИТОБИ КЎДАКОНУ НАВРАСОНИ ҶТ» ОҒОЗ ШУД

Апрель 2, 2009 16:06

              Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Китобхонаи бачагонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд.              Дар кушодашавии фестивал, муовини вазири фарҳанги ҶТ Мавлон Мухторов суханронӣ карда, қайд намуд, ки эҳё гардидани ин чорабинии муҳим барои тарбияи насли наврас дар рўҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва зебописандӣ мусоидат намуда, барои ҷалби онҳо ба китобхонӣ нақши муҳим мебозад.               Бояд қайд кард, ки бо иштироки хонандагони мактаб-интернати махсуси санъати ба номи Миратулло Атоев композитсияи адабӣ-бадеӣ намоиш дода шуд. Аз ҷониби хонандагони ин мактаб шеъру сурудҳо низ пешкаши тамошобинон гардид.               Дар доираи кушодашавии фестивал асарҳои тозаэҷоди шоирону нависандагони Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба маърази тамошо гузошта шуд.               Фестивал то 8 апрел идома ёфта, дар Театри ҷавонон ҷамъбаст мегардад.              Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуотии Вазорати фарҳанг Анвар Юсупов хабар дод.  

Апрель 2, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд