ГИРОМИДОШТИ Ш. ШОҲТЕМУР
Бадахшон, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Раиси ВМКБ Қодири Қосим дар бораи дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 110 солагии зодрӯзи сиёсатмадори шинохтаи вақт, яке аз бунёдгузорони давлати тоҷикон, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур қарор ба тасвиб расонд. Тибқи он дар мавзӯи «Шириншоҳ Шоҳтемур ва масоили геополитикии Тоҷикистон аз замони ӯ то ба имрӯз» гузаронидани конфронсияи илмӣ, дар рӯзномаҳо оиди зиндагиномаи ӯ интишори пайвастаи мавод ва баъдан дар маҷмӯаи алоҳида гирд овардани он, дар боғи фароғатии шаҳри Хоруғ гузоштани муҷассамаи Шириншоҳ Шоҳтемур, азнавсозии хона-музейи ӯ дар зодгоҳаш, қарияи Поршиневи ноҳияи Шуғнон, ташкили гӯшаҳо дар китобхонаву муассисоти таълимӣ, гузаронидани озмуни беҳтарин шеър дар васфи ин сиёсатимадори шинохта ва чорабиниҳои дигар дар назар аст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






