ХИЗМАТҲОИ БЕШ АЗ 40 НАФАР РАИСОНИ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲО ҚАДР ШУД

Апрель 20, 2009 09:00

                  Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷамъомаде, ки ба муносибати Рӯзи пойтахт дар «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, хизматҳои зиёда аз 40 нафар раисони Шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо, ки синнашон ба нафақа расидаанд ва дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни шаҳр саҳми арзанда гузоштаанд, қадрдонӣ гардид. Ба онҳо дар маҷмӯъ 21 ҳазор сомонӣ мукофотҳои пулӣ супорида шуд.  Минбаъд ба ҷои онҳо ҷавонони болаёқат дар вазифаи раисони Шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо фаъолият менамоянд.                 Раиси шаҳри Душанбе тамоми иштирокчиёни ҷамъомадро бо Рӯзи пойтахт табрик намуда, аз шаҳрвандон ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушду ободонӣ ва шукуфоии шаҳри Душанбе матонату устуворӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ хостор шуд.                 Бояд тазаккур дод, ки соли 5-ум аст, ки Рӯзи пойтахт таҷлил гардида, он ба иди ҳақиқии дӯстиву ваҳдат ва созандагию бунёдкории сокинони Душанбе табдил гардидааст.

Апрель 20, 2009 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд