ИҚТИСОДИЁТАМОНРО БАЛАНД МЕБАРДОРЕМ
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова, Мавзуна Боева). — Тавре дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки15 апрели соли 2009 баргузор гардид, зикр гардид, норасоии қувваи барқ дар кишварамон соле 4,5 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад ва яке аз роҳҳои паст кардани шиддати он ба таври васеъ ҷорӣ намудани истифодаи таҷҳизоти каммасраф мебошад. Дар масъалаи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мехоҳам таваҷҷӯҳи шумо ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба натиҷаҳое, ки танҳо бо амалӣ сохтани як чорабинӣ, яъне иваз намудани лампаҳои имрӯза ба лампаҳои каммасраф ба даст меоянд, ҷалб намоям, гуфт Сарвари давлат Э. Раҳмон. Дар ин бобат дар байни ҷомеа пурсиш гузаронда шуд: Назар Ғоибов, шаҳрванд: Истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф, яке аз иқдомҳои оқилонаи Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имконият медиҳад, захираҳои обии энергетикии ҷумҳурӣ оқилона истифода бурда шавад. Ба исрофкорӣ роҳ дода нашавад, зеро вазъияти имрӯзаи системаи энергетикаи кишвар ҳаминро тақозо мекунад. Боз илова карданиам, ки лампаҳои тасфоне, ки то ҳол муштариён истифода мебаранд, кафолати истифодабарии он 1000 соатро ташкил медод. Пас аз гузаштан ба лампаҳои каммасраф муштариҳо метавонанд, қариб 3000 соат истифода баранд. Ҳамаи ин сиёсати пешгирифта яке аз роҳҳои кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Истифодабарии лампаҳои каммасраф аз тарафи тамоми муштариён новобаста аз шакли моликияташон имконият медиҳад, ки хароҷоти қувваи барқ кам карда шавад. Сайфиддин Пиров, шаҳрванд: Истгоҳҳои барқии пуриқтидор надорем, ки пурра таъмин кунанд. Зарур аст, ки аз ин истифода барем, зеро ки тамоми давлатҳои ҷаҳон ба ин системаи барқӣ гузаштаанд. Ба ҳамин хотир ман ва аҳли оилаи ман тарафдорем. Бовари дорем, ки равшании он ягон маҳдудият надорад ва барои чашму саломатии одам ягон зараре надоштааст. Хусусан ман 5 моҳ пеш ба ин фурӯзонакҳои каммасраф гузаштаам. Ман қаноатманд ҳастам. Маҷид Холов, нафақахӯр: Ҳар чӣ, ки ба манфиати миллат равона карда мешавад, қобили қабул аст. Нозири роҳ, прапорщик Калом Неъматов: То баромадани фурӯзонакҳои каммасраф ҳар моҳ 30-35 сомонӣ месупоридам. Ҳоло бошад баъди мондани фурӯзонакҳои каммасраф дар ҳисобкунак мушоҳида кардам, ки кам истифода бурдаам. Чи тавре ки дар шаҳр овозаҳо паҳн шудаанд, гӯё ба чашм зарар дорад ва хона хеле торик мешавад, ҳамаи ин дурӯғ аст. Ман аз ин фурӯзонакҳо хеле қаноатмандам. Меҳрангези Азалшо, донишҷӯи курси якуми факултаи ба ҳисобгирии иқтисодӣ: Аз як тараф ин фикри нағз, гузаштан ба фурӯзонакҳои каммасраф. Бояд мо кам масраф кунем, то ин ки иқтисодиётамон пеш равад. Шоираи Зокирӣ, донишҷӯи Донишкадаи Исломии ба номи Имоми Аъзам: Фикри шахсии ман ин, ки аз сабаби дар хонаҳо набудани оби гарм, гази табиӣ, мардум кори худро бо қувваи барқ осон мекунад. Барои ҳамин Ислом ҳам инкор кардааст, ки исроф ҳалол нест. Ба фурӯзонакҳои каммасраф гузаштан барои баланд бардоштани иқтисодиётамон мусоидат мекунад.