ИҶРОИ ЛОИҲАИ ПАСТ КАРДАНИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ШУРЎЪ МЕШАВАД

Апрель 27, 2009 15:46

                   Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалигардонии лоиҳа оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ дар соҳаи таҳсилот байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кўдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.  Мақсади Ёддошти мазкур ин барқарор намудани ҳамкорӣ ва шарикӣ барои соли 2009 дар доираи лоиҳаи «Дастгирии кам кардани хатари офатҳои табиӣ дар ҷомеаи эҳтиёҷманди Осиёи Марказӣ» мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари шўъбаи робитаҳо бо ҷомеаи намояндагии Хазинаи кўдакони СММ дар Тоҷикистон Александр Садиқов хабар дод.                    Дар доираи лоиҳа дар мактабҳои 20 ноҳияи кишвар барои муаллимон ва кўдакон курси таълимӣ оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ таҳия ва ҷорӣ мегардад. Дар асоси таҷрибаи гирифташуда, Вазорати маориф ва Хазинаи кўдакони СММ ҷиҳати ба кўдакон пешниҳод намудани дониш ва малака оид ба зинда мондан дар ҳолатҳои фавқулодда роҳҳои ҷорӣ намудани курси мазкурро ба барномаи таълимии мавҷуда меҷўяд.                      Лоиҳаи мазкур аз тарафи Департаменти башардўстонаи Комиссияи Аврупо (ECHО) дар доираи барномаи омода будан ба офатҳои табиӣ ЕСНО маблағгузорӣ мегардад. Мақсади лоиҳаи мазкур дастгирии стратегияҳое мебошад, ки ба баланд бардоштани омодагии аҳолӣ ва донишкадаҳои давлатӣ ҷиҳати сари вақт ва самаранок эътино кардан ба офатҳои табиӣ равона карда шудаанд.

Апрель 27, 2009 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд