ИМТИҲОН БАРОИ СИНФҲОИ 6-УМ
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дар литсей-интарнатҳои муштараки тоҷикию туркӣ барои қабули хатмкунандагони синфҳои 6-уми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ имтиҳони қабул гузаронида мешавад. Дар ин литсей-интарнатҳо фанҳои гуманитарӣ дақиқ ва забонҳои тоҷикию англисӣ бо ёрии компютер, аудио ва видео таълим дода, талабагон бо хобгоҳ ва се вақт хуроки гарм таъмин мегарданд. Агар Шумо таҳсили худро дар мактабҳои олии Тоҷикистон ва кишварҳои Амрикою Аврупо давом додан хоҳед, барои супоридани имтиҳон ба ин литсейҳо муроҷиат намоед. Имтиҳон дар ҳамаи литсейҳо 26 апрели соли ҷорӣ, соати 9,00 баргузор мегардад. Литсейҳои мо дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанд воқеанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






