«КИМЁГАРИ ДУРРИ ДАРӢ» ДАРДУШАНБЕ МУАРРИФӢ ШУД

Апрель 10, 2009 08:41

                  Душанбе, 10 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Душанбе китоби нависандаи тоҷик Мирзо Шукурзода таҳти унвони «Кимёгари дурри дарӣ» муаррифӣ гардид». Ба ин муносибат дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму фарҳанги се кишвари форсизабон — Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон маҳфили бошукӯҳи адабӣ баргузор шуд.                  Зимни суханронии худ Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ шоиру нависандагон Абдулҳамид Самадов, Гулрухсор Сафиева ва дигар намояндагони илму адаби кишварҳои ҳамсоя доир ба ҳамкориҳои илмию фарҳангии кишварҳои форсизабон ва мақому арзиши китоби мазкур ибрози назар карданд.                   Ин китоб зери назари узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология Мирзо Муллоаҳмадов дар нашриёти «Деваштич»- и Душанбе бо теъдоди 500 адад чоп шудааст.  Китоб аз 4 бахш — «Ошиқи паричеҳраи форсӣ», «Ҷовидон пайванд», «Кимёгари дури дарӣ» ва иловаҳо иборат буда, он дар бораи хизматҳои 20-солаи шоири шинохтаи эронӣ Алиасгари Шеърдӯст, ки алҳол сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, нақл мекунад.                  Тавре муаллифи китоб Мирзо Шукурзода мегӯяд, саҳми Алиасғари Шеърдӯст дар таҳқиқ, рушди адабиёту фарҳанги тоҷик ва шинохти арзишҳоии фарҳангии мардуми тоҷик ба мардуми Эрон бузург аст. Маҳз бо талошҳои ӯ ҳудуди сад китоби шоирону нависандагони тоҷик дар Эрон чоп шудааст, ки ба 60- тои ӯ худи Шеърдӯст пешгуфтор навиштааст.

Апрель 10, 2009 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд