КИШТИ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ БА РОҲ МОНДА ШУД

Апрель 24, 2009 12:43

                Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи кишти гиёҳҳои шифобахш, Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар саросари ҷумҳурӣ тирамоҳи соли 2008 ва баҳори соли 2009 дар мавзеъҳои аз байн рафтаи камоли бадбӯй кишти онро ба роҳ монд.                 Тибқи нақшаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист соли ҷорӣ дар майдони 2393 гектар камоли бадбӯй кишт карда шуд. Ҳамзамон дар асоси фармони раиси кумита аз 27 марти соли 2009 «Дар бораи санҷиши кишти камоли бадбӯй ва ҳолати сабзиши он» комиссия таъсис дода шуд, ки мутобиқи он ҳолати сабзиши гиёҳи номбурда дар моҳи апрел — майи соли ҷорӣ гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки ҷамъоварӣ ва коркарди он минбаъд дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад, — иброз доштанд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба мухбири АМИТ «Ховар».

Апрель 24, 2009 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст