КИШТИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕЁБАД

Апрель 3, 2009 14:12

                 Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ пас аз ҷашни наврӯзи соли ҷорӣ кишти пахтаро дучанд зиёд намуданд.                 Тибқи дурнамои Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар масоҳати 200 ҳазору 700 гектар кишти пахта гузаронида мешавад, ки 21 ҳазору 500 гектари онро пахтаи маҳиннах ташкил медиҳад.                  То 30-юми марти соли ҷорӣ дар майдони 18 ҳазору 54 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки баробари 9 фоизи дурнамо мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1654 гектар зиёд аст.                 Хоҷагиҳои пахтакор ҳар рӯз дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар пахта кишт мекунанд, агар суръати кор чунин бошад, кишти имсолаи пахта пеш аз мӯҳлат ва бо сифати баланд иҷро мешавад.

Апрель 3, 2009 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд