КИТОБИ НАВИ ЖУРНАЛИСТИ МАЪРУФ

Апрель 10, 2009 09:40

              Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Китоби нави журналисти маъруф, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яке аз кормандони собиқадори Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар», шореҳи илмии агентӣ Олег Соболев таҳти унвони «Мулоқотҳо бо одамони наҷиб» аз чоп баромад. Маҷмӯаи очеркҳои О.Соболев ба муносибати 50 — солагии фаъолияташ дар соҳаи журналистикаи тоҷик нашр карда шуд. Дар китоб роҷеъ ба мулоқоту сӯҳбатҳои муаллиф бо арбобони барҷастаи сиёсӣ, муборизони роҳи озодӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, олимон, духтурон ва кормандони машҳури соҳаи фарҳанг нақл карда мешавад.              Хонандагон зимни мутолиаи оччеркҳои китоб дар бораи шахсони маълуму машҳур, аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимов, Ҷаббор Расулов, Ҳамид Мансуров ва дигарон маълумоти тоза ба даст оварда метавонанд. Китоб дар матбааи Ҷамъияти саҳҳомии «Иттилоот ва муошират» бо теъдоди сад нусха чоп шудааст. Муҳаррири он директори АМИТ «Ховар» Садриддин Шамсиддинов мебошад. Маросими тақдими китоб имрӯз дар ҷараёни конфронси илмии бахшида ба 50 — солагии фаъолияти О.Д.Соболев дар АМИТ «Ховар» баргузор мегардад.  

Апрель 10, 2009 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст