М. АСРОРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ИТТИҲОДИ ТОҶИКОНИ ВИЛОЯТИ ПЕРМ ВОХӮРД

Апрель 22, 2009 16:05

                  Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз, 22 апрел вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ намояндагони тоҷикони Федератсияи Русияро бо роҳбарии раиси иттиҳоди тоҷикони вилояти Перм Сайфиддин Одинаев ба ҳузур пазируфт.                  Зимни сӯҳбат вазири фарҳанг зикр намуд, ки вазорат ҳамаҷониба маркази навташкили фарҳанги тоҷикони вилоятро дасгирӣ намуда, ба он китобҳои гуногун ва парчам тақдим менамояд.                   Ӯ қайд кард, ки Вазорати фарҳанг баҳри сайқал додани донишомӯзии 10 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар коллеҷи хореографии вилояти Перм таҳсил мекунанд низ омода аст, кӯмак намояд.                   Намояндагони тоҷикони Русия миннатдории худро ба вазир баён намуда, баҳри рушду такмили ҳамкориҳои минбаъда байни иттиҳоди тоҷикони вилояти Перми ФР ва Вазорати фарҳанги ҶТ иқдоми нахустин гузоштанд.                   Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.

Апрель 22, 2009 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд