МАҲАЛЛАИ АНЗАЛ Ӣ-БЕҲТАРИН МАҲАЛЛАИ ДУШАНБЕ

Апрель 21, 2009 12:20

               Душанбе, 21 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Душанбе дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст шуд. Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 24-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт ғолиби озмуни «Мактаби сол- 2008» шуда, соҳиби хонаи истиқоматии се ҳуҷрадор аз кӯчаи Айнӣ, 28 гардид.               «Маҳаллаи беҳтарини соли 2008» бошад, маҳаллаи ба номи Яҳё Анзалии ноҳияи Шоҳмансур арзёбӣ гардида, дар ин маҳалла майдончаи варзишӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Ҳуҷраи кории раиси шӯрои маҳаллаи мазкур бо ҷевон ҷиҳозонида хоҳад шуд.                Тавре сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №56 -и ноҳияи Синои пойтахт Мунира Қӯзиева ғолиби озмуни «Директори сол -2008» гардид. Унвони «Муаллими сол -2008» бошад насиби муаллимаи фанни ҷуғрофияи мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 79-и ноҳияи Шоҳмансур Р. Иброҳимова ва муаллими забони русӣ С. Саидов гардид.                Ҳамчунин, синфи 10-и «А»-и мактаби таҳсилоти ҳамагонии №15-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ғолиби синфи беҳтарини -сол-2008» шуд. Унвонҳои «Кӯдакистони сол-2008» насиби кӯдакистони №79-и ноҳияи Шоҳмансур, «Мудири кӯдакистони сол -2008» мудири кӯдакисони № 55-и ноҳияи Сино Гулчеҳра Ҷалолова ва «Мураббии сол-2008» мураббии кӯдакистони № 126-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт Одилова Дилбар гардид.Тамоми ғолибони озмунҳои шаҳрӣ бо мукофотҳои пулии таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.               Дар соли оянда, дар назар аст, ки бори нахуст дар бахши хизматрасонӣ озмуни «Меҳмонхонаи беҳтарини сол» гузаронида шавад.

Апрель 21, 2009 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд