МАҶЛИСИ ФАЪОЛОН ДАР ҚӮРҒОНТЕППА
Қӯрғонтеппа,29 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки фаъолони вилояти Хатлон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар назди ҳозирин раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов баромад карда, оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон сухан ронд ва қайд кард, ки дар Паёми имсола роҳҳои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар шароити кунунӣ нишон дода шудаанд. «Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои рушди иқтисоди кишвар нишон дода шуда, ҳамзамон самтҳои мушаххаси фаъолият дар ин самт муайян гардидаанд» -қайд кард раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов. Ҳамзамон чунин вохӯрӣ дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бо узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқи-демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Эшбӯрӣ Эсанқулов баргузор гардид.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






