МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ҲАМКОРИРО БО МАҶЛИСИ БУЗУРГ БА РОҲ МЕМОНАД
Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар вохӯрӣ бо Вазири давлатии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Саид Язидҷиоғлӣ баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Туркияро дар давраи шиддатёбии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ иқдоми саривақтӣ ва қадами устуворе дар тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду давлат маънидод намуд. М. Убайдуллоев афзуд, ки бо вуҷуди фароҳам будани заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо, муносибатҳои байнипарлумонӣ низ метавонанд ба раванди вусъати робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, хусусан татбиқи инвеститсияҳо дар бахши гидроэнергетика, сохтмон, ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рушди дигар инфраструктураҳои кишвар муассир бошад. Дар робита вай омодагии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия таъкид сохт. Вазири давлатии Туркия Мустафо Саид Язидҷиоғлӣ, зикр кард, ки дар ин масъала бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, ки натиҷаи он ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






