МАҶЛИСИ МУШТАРАКИ ШӮРОИ НАМОЯНДАГОНИ ДОИМӢ ВА КОМИССИЯИ МАСЪАЛАҲОИ И&

Апрель 15, 2009 14:35

                  Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 16 апрел дар Маскав маҷлиси муштараки Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ ва комиссияи масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мегардад. Дар он ҷараёни иҷрои барномаи ҳамкории байни минтақаҳо ва маҳалҳои наздисарҳадии ИДМ, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ дар соли гузашта, ҷараёни иҷрои қарорҳои қабулнамудаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо дар бобати амалӣ сохтани барномаи рушди минбаъдаи Иттиҳод, лоиҳаи таҳрири нави Низомномаи умумии фаъолияти мақомоти ҳамкории байнисоҳавии ИДМ ва ғайра муҳокима карда мешаванд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки то имрӯз дар доираи ИДМ 84 мақоми ҳамкории байнисоҳавӣ ташкил карда шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта Шӯрои ҳамкории байни минтақаҳо ва маҳалҳои наздисарҳадӣ ташкил карда, Кумитаи байнидавлатии паҳн намудани дониш ва маърифати калонсолон барҳам дода шуд.                    Ғайр аз ин, ба қарибӣ дар маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар Ашқобод Гурӯҳи муваққатии зудамали кории ИДМ барои бартараф сохтани муноқиша дар Обхозистон ва Гурҷистон барҳам дода шуд.

Апрель 15, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд