МАҶЛИСИ ВАЗИРОНИ СОҲАИ ВАРЗИШИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁ ДАР ТЕҲРОН БАРГУЗОР

Апрель 30, 2009 15:11

                 Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Аз 4 то 7 май дар Теҳрон маҷлиси навбатии дуюми вазирони соҳаи варзиши мамлакатҳои Осиё баргузор мегардад. Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Маликшо Неъматов низ иштирок хоҳад кард. Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба рушди варзиш дар мамлакатҳои Осиё дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ муҳокима карда мешаванд.                  Аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Маликшо Неъматов зимни сафар бо ноиби Президенти Эрон, вазири варзиш ва раиси Кумитаи Олимпии ин мамлакат Алии Ободӣ мулоқот хоҳад кард.                 Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаи пешрафту инкишофи варзиш ва имзои созишномаи ҳамкории кумитаҳои олимпии ҳар ду мамлакат баррасӣ карда мешаванд. Созишнома мусоидати ҷониби Эронро ба омода сохтани варзишгарони тоҷик дар майдонҳои варзишии ин мамлакат ва гузаронидани машқҳо ва чорабиниҳои дигари муштаракро пешбинӣ мекунад. Инчунин мулоқотҳои М.Неъматов бо роҳбарони муассисаҳои сайёҳӣ ва ҷавонони Эрон пешбинӣ карда мешавад.  

Апрель 30, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд