МАРКАЗИ ТАБОБАТИИ ДОКТОР ТОҲИРӢ

Апрель 7, 2009 15:52

            Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар қишлоқи Путхини ноҳияи Айнӣ сохтмони «Маркази табобатии доктор Тоҳирӣ» оғоз ёфт. Маркази мазкур муассисаи табобатие хоҳад гашт, ки дар он тамоми захираҳои табиӣ ва гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ барои табобати беморон истифода бурда мешавад. Дар он 15 нафар духтур, маҳсгарон, ҳамшираҳои шафқат ва мутахассисони дигари варзида кор хоҳанд кард.            Дар ин ҷо асосан бемориҳои гуногуни дилу раг, асаб, шуш ва гурда табобат карда мешаванд. Дар марказ 20 ҷои хоб дар назар дошта шудааст. Дар шифохона ғайр аз занҳои ҳомила ва гирифтори бемориҳои сирояткунанда ҳамаи беморони дигар табобат карда мешаванд.            Бинои шифохона дар моҳи июн ба истифода дода мешавад.  

Апрель 7, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд